Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон пешниҳоди ҳукумати Сурияро рад карданд


Мухолифини давлати Сурия пешниҳоди Волид Муаллим, вазири умури хориҷиро рад карданд, ки аз онҳо хост, силоҳҳояшонро ба замин бигзоранд ва барои ташкили ҳукумати нав ба муколама пардозанд. Мунзир Мохус, сафири Эътилофи Миллии Нерӯҳои Мухолиф ва Инқилобии Сурия рӯзи якшанбе дар шаҳри Порис пойтахти Фаронса гуфт: “Мухолифон бахусус Эътилофи Сурия, ҳеҷ гоҳ бо Волид Муаллим ва тамоми режими Сурия ҳукумат таъсис нахоҳад дод ва мо ҳеҷ чизеро бо режиме баррасӣ намекунем, ки мардуми худашро мекушад ва ҳеҷ коре ҳам барои ёфтани роҳҳали сиёсӣ намекунад.“ Волид Муаллим рӯзи шанбе дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки “мухолифони ватандӯсти” Сурия метавонанд дар ҳукумати нав шомил шаванд, вале ҳеҷ гуна баҳсе дар бораи ояндаи Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия набояд бошад. Мухолифони давлати Сурия рӯзи якшанбе дигарбора барои таъсиси ҳукумати муваққат дар Истанбул ҷамъ омаданд.
XS
SM
MD
LG