Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон ду ҷавонро ба дор овехтанд


Дар Эрон рӯзи якшанбе ду ҷавонеро барои ғоратгарие, ки навори онро дар Ю тюб гузошта буданд, ба дор овехтанд. Ба гузориши хабаргузории ИСНА, ҳарду ҷавони 24-соларо додгоҳ ба “муҳориба”, ё ҷанг алайҳи Худо гунаҳкор донист, ки дар Эрон барои ин гуноҳ ҳукми қатл медиҳанд. Ин ду ҷавонро моҳи декабр ба қатл маҳкум карданд ва баъди онки навори видеое дар Ю Тюб нашр шуд, ки нишон медод, чаҳор ҷавони ниқобпӯш бо теғи бузурге ба марде ҳамла ва ӯро ғорат мекунанд. Ду шарики дигари ин ҷиноятро ба 10 соли зиндон ва 74 шаллоқ маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG