Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назари ФИФА ба пешниҳоди Зенит ва Динамо Киев


Сепп Блаттер, раиси ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол мегӯяд, ки мухолифи таъсиси лигаи футболи кишварҳои муштаракулманофеъ аст, ки дар замони шӯравии собиқ вуҷуд дошт. Сепп Блаттер рӯзи якшанбе дар шаҳри Санкт Петербург гуфт, таъсиси бошгоҳи дастаҳои кишварҳои муштаракулманофеъ бар хилофи усулҳои ФИФА аст ва сабаби “дарҳам барҳамӣ” хоҳад шуд. Дастаҳои Зенити Санкт Петербург ва Динамо Киев пешниҳод карда буданд, ки мисли замони шӯравӣ, дастаҳои беҳтарини кишварҳои муштаракулманофеъ дар як бошгоҳ бозӣ кунанд. Аммо ба гуфтаи мунтақидон, аз ҷумла Федератсияи Футболи Русия таъсиси чунин бошгоҳ футболи кишварҳои алоҳидаро бадтар хоҳад кард. Сепп Блаттер барои тамошои мусобиқоти футболи Ҷоми кишварҳои муштаракулманофеъ ба Санкт Петербург рафтааст.
XS
SM
MD
LG