Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Волид Муаллим аз шӯришиёни Сурия


Волид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, мегӯяд, баҳс дар бораи сарнавишти ояндаи Башор Асад, раиси ҷумҳури кишвараш “ғайриқобили қабул” аст. Як ҳафта пеш аз ин Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал барои Сурия гуфта буд, ки Башор Асад набояд дар ҳукумати мувақаттии Сурия ҳузур дошта бошад. Волид Муаллим, ки рӯзи шанбе дар телевизиони Сурия сӯҳбат мекард, аз шӯришиён хост, силоҳҳояшонро ба замин бигзоранд ва дар муколама доир ба ояндаи Сурия ширкат кунанд. Ӯ афзуд, ҳар касе ки дар муколама ширкат мекунад, ба ҳукумати нав шомил хоҳад шуд, ки салоҳиятҳои васеъи иҷроияро хоҳад дошт. Шӯришиёне, ки алайҳи давлати Башор Асад меҷанганд, ба ин даъват вокунише нишон надодаанд, вале интизор меравад, ки онро рад кунанд. Мухолифон мегӯянд, Башор Асад ҳеҷ нақше барои ҳалли муноқиша дар Сурия ифо карда наметавонад.
XS
SM
MD
LG