Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама имрӯз савганд ёд мекунад


Имрӯз Барак Обама, ба ҳайси раиси ҷумҳури Амрико савганди расмӣ савганд ёд карда ва даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш дар ин кишварро оғоз мекунад. Бар асоси Қонуни Асосии Амрико, раиси ҷумҳури нав рӯзи 20 январ савганд ёд мекунад ва маросими имрӯза дар Кохи Сафед ва дар доираи маҳдуд баргузор мешавад. Рӯзи душанбе Барак Обама дар мазҳари ом ва дар назди бинои Конгресси Амрико савганд ёд мекунад ва интизор меравад, дар инҷо тақрибан 800 ҳазор нафар ҷамъ оянд. Барак Обама дар рӯзҳои истироҳат дар Рӯзи хидматгузорӣ дар Амрико ба хотири ташвиқи мардум барои корҳои хайр, ҳамроҳи хонаводааш ба як мактаби ибтидоие рафта, дар рангубори он кӯмак кард. Ҷо Байден, муовини Барак Обама, ҳамроҳи завҷааш, дар бастабандии маводе кӯмак кард, ки ба сарбозони Амрико мефиристанд.
XS
SM
MD
LG