Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Серж Саркиссиён мегӯяд, интихобот рақобатӣ хоҳад буд


Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон, мегӯяд, умедвор аст, ки интихоботи қарибулвӯқуъ дар кишвар рақобатӣ хоҳад буд. Ӯ дар мусоҳиба бо бахши армании Радиои Озодӣ ин иддаъоҳоро рад кард, дар интихобот рақибони воқеъӣ нахоҳад дошт. Серж Саркиссиён, ки рӯзи шанбе дар шаҳри Тсагкадзор сӯҳбат мекард, гуфт “парвариши” рақибон кори ҳукумат нест ва афзуд, кори ҳукумат фароҳам кардани шароит барои интихоботи одилона аст. Серж Саркиссиён барои даври дуввуми раёсати ҷумҳурӣ дар Арманистон дар интихоботи раиси ҷумҳурии рӯзи 18 феврал ширкат мекунад. Охири соли 2012 гурӯҳҳои умдаи сиёсии Арманистон гуфтанд, ки номзаде ба интихобот пешбарӣ намекунанд, аз ин рӯ аксарият мегӯянд, ки Серж Саркиссиён дар интихобот ба осонӣ пирӯз мешавад. Ба гуфтаи аҳзоби мухолиф, ҳукумат шароити баробари ширкат дар интихоботро фароҳам намекунад.
XS
SM
MD
LG