Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Алҷазоир гаравгонгиронро нобуд кардааст


Мақомоти Алҷазоир мегӯянд, амалиёти раҳоии гаравгонон дар корхонаи коркарди газ дар Саҳрои Кабир ба поён расид. Ба гуфтаи ҳукумат, дар ҷараёни амалиёти чаҳоррӯза, 32 тундрав ва 23 гаравгони онҳо кушта шуданд ва дар маҷмӯъ аз банди гаравгонгирон, 685 корманди маҳаллӣ ва 107 хориҷиро раҳо карданд. Дар маҳалли гаравгонгирӣ, аслиҳаи зиёд, бо шумули мушакандоз ва камарбандҳои тарканда пайдо кардаанд. Ширкати алҷазоирии Сонатрак аз моликони корхона мегӯяд, артиши Алҷазоир минаҳоеро аз корхона бармечинад, ки тундравон гузошта буданд. Бӯҳрони мазкур рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ шуд ва гаравгонгирон талаб доштанд, Фаронса амалиёт алайҳи тундравони исломӣ дар Мали ҳамсоякишвари Алҷазоирро қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG