Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии масъалаи ирсоли нерӯҳои африқоӣ ба Мали


Раҳбарони кишварҳои ғарби Африқо дар Кот Ди Вуар ҷамъ омада, шеваҳои ирсоли ҳарчӣ зудтари сарбозон барои мубориза бо тундравони исломӣ дар Малиро баррасӣ мекунанд. Зимни ифтитоҳи нишаст дар шаҳри Абидҷан дар рӯзи шанбе, Алассане Оуаттара, раиси ҷумҳури Кот Ди Вуар хостори ҳимояти васеъи байналмилалӣ аз ҳукумати Мали шуд. Алассане Оуттара Ҷомеаи Иқтисодии Кишварҳои Ғарби Африқоро раҳбарӣ мекунад. Созмони Милал аз азми 15 узви ин созмон барои фиристодани нерӯҳои муштарак ба Мали ҳимоят кардааст. Аммо шиддат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, ин кишварҳоро водор кард, ҳарчӣ зудтар нерӯҳояшонро ба Мали бифристанд. Ҳафтаи гузашта Фаронса барои муқобила бо тундравон дар Мали 2 ҳазор сарбозу ҳавопаймоймо ва мошинҳои зиреҳпӯш фиристод.
XS
SM
MD
LG