Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юриши нерӯҳои Алҷазоир барои раҳоии гаравгонон


Нерӯҳои махсуси Алҷазоир ба бинои охирин дар корхонаи коркарди газ юриш бурдаанд, ки дар он бақияи гаравгонгирон паноҳ бурда буданд. Ба гуфтаи расонаҳои давлатии Алҷазоир дар ҷараёни амалиёти рӯзи шанбе 11 нафар аз ин тундравони исломиро куштаанд, аммо онҳо 7 гаравгонро ба қатл расонидаанд. Мақомоти расмии Алҷазоир ба хабаргузории Ройтерс гуфтаанд, ки рӯзи шанбе 16 гаравгони хориҷиро аз асорати тундравон озод карданд, ки дар байни онҳо ду амрикоӣ, ду олмонӣ ва як португалӣ ҳастанд. Пештар аз ин дар рӯзи шанбе маъмурони амниятии Алҷазоир дар маҳалли гаравгонгирӣ 15 ҷасади сӯхта пайдо кардаанд. Маълум нест, инҳо ҷасади гаравгонон аст ва ё тундравони исломие, ки 16 январ ин корхонаро ишғол карданд. Аз ин пеш ҳукумати Алҷазоир таъйид кард, ки зимни амалиёти раҳоӣ дар рӯзи 17 январ 12 коргари маҳаллӣ ва хориҷии корхона кушта шудаанд. Расонаҳои Алҷазоир мегӯянд, дар амалиёт 18 гаравгонгир кушта шуданд, ки баъди ин садҳо нафар аз гаравгонон фирор карданд. Ба гуфтаи тундравон 35 гаравгон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG