Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи мудири Болшой Театр беҳтар шудааст


Табибони Русия мегӯянд, ҷарроҳии чашми мудири ҳунарии Болшой Театр, ки ба рӯяш кислота пошиданд, бе ҳеҷ мушкилӣ анҷом ёфтааст ва вазъи ӯ ба тадриҷ беҳтар мешавад. Шоми панҷшанбе ва дар назди хонааш дар шаҳри Маскав фарди ниқобпӯше ба сурати Сергей Филлини 42-сола кислота пошид ва фирор кард. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки Сергей Филлинро аз утоқи бемориҳои вазнин ба утоқи оддӣ интиқол додаанд ва зарурате барои фиристодани ӯ ба бемористони махсуси сӯхтагии пӯст ба Белгия вуҷуд надорад. Анатолий Иксанов, мудири кулли Болшой Театр гуфтааст, ки ба эътиқоди ӯ ҳамла ба Сергей Филлин ба кори ӯ дар театр иртибот дорад. Сухангӯи театр ҳам гуфтааст, ки дар гузашта ба ин ҳунарманди рус таҳдид карда будаанд. Сергей Филлин, раққоси моҳири балетро соли 2011 мудири ҳунарии Болшой Театр аз маъруфтарин театрҳои Русия ва ҷаҳон таъйин карданд.
XS
SM
MD
LG