Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи 15 ҷасади сӯхта дар корхонаи гази Азҷазоир


Бино ба гузоришҳо, маъмурони амниятии Алҷазоир дар корхонаи коркарди газ, ки тундравони шарики Ал-Қоида садҳо нафарро гаравгон гирифтанд, 15 ҷасади сӯхта пайдо кардаанд. Маълум нест, инҳо ҷасади гаравгонон аст ва ё тундравони исломие, ки 16 январ ин корхонаро ишғол карданд. Нерӯҳои давлатии Алҷазоир бахши бузурги корхонаро аз дасти тундравон раҳо кардаанд, вале гурӯҳе аз онҳо дар гӯшаҳое аз ин корхона паноҳ бурдаанд. Аз ин пеш ҳукумати Алҷазоир таъйид кард, ки зимни амалиёти раҳоӣ дар рӯзи 17 январ 12 коргари маҳаллӣ ва хориҷии корхона кушта шудаанд. Аз ҷумла як амрикоӣ ва як фаронсавӣ низ ҷон додаанд. Расонаҳои Алҷазоир мегӯянд, дар амалиёт 18 гаравгонгир кушта шуданд, ки баъди ин садҳо нафар аз гаравгонон фирор карданд. Ба гуфтаи тундравон 35 гаравгон кушта шудаанд. Ҳукумати Амрико мегӯяд, дар миёни 30 гаравгони дигар , ки сарнавишташон маълум нест, амрикоиён ҳам ҳастанд.
XS
SM
MD
LG