Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ба созиш бо нозирони атомӣ наздик шуд


Эрон мегӯяд, дар музокирот бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон ба пешрафт ноил шудаанд, ҳарчанд ду тараф бар сари боздиди нозирони атомӣ аз як таъсисоти низомии Эрон ба мувофиқа нарасиданд. Нозирони байналмилалӣ мехоҳанд, таъсисоти Порчинро таҳқиқ кунанд, ки гӯиё Эрон дар онҷо озмоишҳое барои сохти бомби атомӣ анҷом додааст. Расонаҳои Эрон рӯзи шанбе аз қавли Али Асғар Султония, намояндаи Эрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ навиштанд, ки ду тараф «дар воқеъ ба ҳадде ба тавофуқ наздик шудаанд.» Ӯ дигарбора таъкид кардааст, ки Эрон "як лаҳза ҳам" ғанисозии ураниумро муттавақиф нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG