Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 11 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар Тоҷикистон


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, соли гузашта дар қаламрави кишвар 11 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро ошкор кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳҳо 118 аъзо дошта ва дар Тоҷикистон 255 ҷинояти сангин содир кардаанд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимов, дар гузоришаш дар бораи фаъолияти вазорат дар соли 2012 гуфтааст, ки аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки созмони террористӣ дониста мешавад, дар қаламрави Тоҷикистон 73 ҷиноят кардаанд. Маъмурони милиса ҳамчунин дар он сол 21 узви Ҳизб-ут-Таҳрир ва 7 узви созмони «Таблиғ»-ро дастгир кардаанд, ки фаъолияти ин созмонҳои ифротгарои исломӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG