Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ҳамаи толибҳои афғонро раҳо хоҳад кард


Ҷалил Ҷилонӣ

Ҷалил Ҷилонӣ

Покистон қасд дорад тамоми толибҳои афғонро аз зиндонҳояш раҳо кунад. Ҷалил Ҷилонӣ – дабири умури хориҷа дар нишасти хабарие дар Абӯ Забӣ гуфт, Исломобод раҳоии тамоми маҳбусонро ҳамоҳанг мекунад ва аз ҷумла Мулло Абдулғанӣ Бародар – фармондеҳи дувуми Толибонро ҳам раҳо хоҳад кард. Кобул хеле боз ба хотири боз кардани роҳи музокирот бо Толибон аз Исломобод раҳоии ин фармондеҳро мехост. Сафири Кобул дар Имороти Муттаҳидаи Араб Наҷибуллоҳ Муҷаддадӣ бо истиқбол аз ин хабар аз Исломобод хост, то дар амри ба Афғонистон интиқол додани маҳбусони собиқ низ кумак кунад. Кобул ахиран садҳо толибро аз зиндонҳои худ ҷавоб дода, Покистонро ҳам ба раҳоии 26 маҳбуси толиб розӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG