Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Алҷазоир амрикоиҳо низ гаравгон будаанд


Вазорати хориҷаи Амрико тасдиқ кард, ки дар байни гаравгонҳо дар Алҷазоир амрикоиҳо низ боқӣ мемонанд. Сухангӯи ин вазорат Виктория Нуланд гуфт, вазири хориҷа Ҳилларӣ Клинтон ба хотири ҳамоҳанг сохтани талошҳо дар ин буҳрони “хеле тира”-и гаравгонгирӣ бо давлати Алҷазоир дар тамос аст. Нирӯҳои Алҷазоир рӯзи ҷумъа таъқиби ҷангиён ва ҷустуҷӯи гаравгонҳо дар корхонаи гази ИнОманос дар наздикии марзи Либияро идома доданд. То ҳол маълум нест, ки чанд нафар дар дасти гаравгонгирҳо боқӣ мемонанд. Нуланд низ дар бораи шумори амрикоиҳои гаравгон ва оё чӣ теъдоде аз онҳо раҳо ёфтаанд, чизе нагуфт. Ӯ гумонҳоеро ҳам радд кард, ки ҷангиён гӯё дар ивази раҳоии асирон раҳоии табиби покистонӣ Офия Сиддиқӣ ва Умар Абдураҳмони дар Амрико бо ҷурми терроризм маҳкумшударо мехоҳанд.
XS
SM
MD
LG