Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони оташбаси артиши Бирма дар ҷанг бо чирикиҳо


Артиши Бирма дар набардаш алайҳи чирикиҳои қавми кочин дар шимоли кишвар эълони оташбас кардааст. Матбуоти давлатии Бирма гуфт, президент Теин Сеин ҳамагӣ чанд соат баъд аз муроҷиати парлумон ба қатъи хушунатҳо ба артиш амри оташбас дод. Чирикиҳо ҳанӯз чунин эълоне накардаанд, вале оташбас аз ҷониби давлат аз субҳи 19 январ ба иҷро медарояд. Ҷангҳои харобиовар байни давлат ва Артиши истиқлоли Кочин 20 моҳ боз идома дошта, шубҳаҳоеро роҷеъ ба пойбандии давлати Бирма ба ислоҳот эҷод карда буд. Қабл аз эълони оташбас, Амрикову Чин ҳарду ҷониби низоъи Бирмаро ба азсаргирии музокирот даъват карда буданд.
XS
SM
MD
LG