Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба қатли вакили парлумон айбдор шудани Тимошенко


Виктор Пшонка
Виктор Пшонка
Додситони кулли Украина гуфт, сарвазири собиқи феълан зиндонӣ Юлия Тимошенкоро огоҳ кардаанд, ки ба додани амри куштани як вакили парлумон дар соли 1996 айбдор мешавад. Виктор Пшонка рӯзи ҷумъа гуфт, тафтишот шавоҳиди кофии бо амри Тимошенко ва боз як сарвазири собиқ Павло Лазаренко содир шудани амри қатли Евген Шербанро пайдо кардааст. Пшонка гуфт, ин ду нафар барои куштани Шербан 2,8 миллион доллар додаанд. Дар сурати собит шудани ин иттиҳом, Тимошенко метавонад ба ҳабси абадӣ маҳкум шавад. Ӯ алакай ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, вале ҳукмашро сиёсӣ меномад.
XS
SM
MD
LG