Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Фаъолони Сурия мегӯянд, дар як таркиши сангин дар канори Ҳалаб 12 кас кушта ва ва даҳҳо тан захмӣ шуданд. Матбуоти давлатӣ таркиши рӯзи ҷумъа дар шимоли Сурияро натиҷаи мушакборони чирикиҳое номид, ки алайҳи режими раиси ин ҷумҳурӣ Башор Асад меҷанганд. Мухолифин аммо ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои давлатиро иллати таркиш меноманд. Ҳалаб як ҷабҳаи ҷанги нирӯҳои давлатӣ бо чирикиҳост.
Дар авоили ҳафта ду таркиш дар хобгоҳи донишгоҳи Ҳалаб беш аз 80 кушта ба ҷо гузошт. Ҳарду тараф якдигарро айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG