Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камерон: Буҳрони гаравгонҳо ба поён нарасидааст


Сарвазири Бритониё Девид Камерон рӯзи ҷумъа ба парлумон гуфт, буҳрони гаравгонҳо дар Алҷазоир ба поён нарасидааст ва вазъ “тираву хатарнок” боқӣ мемонад.Ба гуфтаи Камерон, нирӯҳои Алҷазоир “ҳанӯз террористҳоро таъқиб доранд” ва ба ҷустуҷӯи гаравгонҳо дар як бахши корхонаи гази Ин Оманос дар наздикии марзи Либия идома медиҳанд. Камерон аз он ки мақомоти Алҷазоир Лондонро аз амалиёти наҷот хабар надод, изҳори таассуф кард. Матбуоти давлатии Алҷазоир гуфт, дар натиҷаи амалиёт қариб 650 гаравгон, аз ҷумла то 70 хориҷӣ, раҳо ёфта, дастикам 18 террорист то ҳол кушта шудаанд.Вале таъйиди ин аз сӯи манобеъи мустақил амри муҳол ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG