Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати У.Қувватов ба додситони Дубай


Раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов, ки рӯзи 23 декабр дар Дубай бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуд, дар муроҷиатномае ба додситони ин шаҳри Имороти Муттаҳидаи Араб парвандаи худро “тақаллубӣ” номида, хостори расидагии ҳадди аксар мунсифона ба сарнавишташ шудааст. Қувватов гуфтааст, таъқиби ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад. Умаралӣ Қувватов, аз шарикони собиқи яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, соли гузашта баъди ҳиҷрат аз кишвар дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод ва аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хост, то дар интихоботи соли 2013 ширкат накунад. Дар Душанбе ӯро ба тахаллуфоти молӣ дар замони раҳбариаш бар ширкати “Фароз” айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG