Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи тағйирот ба қонуни интихобот радд шуд


Галия Рабиева

Галия Рабиева

Ҳукумат ва кумитаи сохтори давлатии парлумони Тоҷикистон тарҳи тағйирот ба қонуни интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро радд кардаанд. Ин тарҳ аз сӯи ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ироа шуда, аз ҷумла барои ҷилавгирӣ аз тақаллуб ва дасткорӣ сирф аз ҳисоби намояндагони аҳзоб ташкил додани ниҳодҳои интихоботиро талаб мекард. Галия Рабиева, муовини раиси кумитаи сохтори давлатии Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ин тағйирот манфиати аҳзоби хурдро зери по мекард. Интихоботи навбатии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябр доир шавад. То ҳол танҳо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ эълон кардааст, ки боз ҳам раҳбараш – раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG