Пайвандҳои дастрасӣ

1055 тобут - дар як сол


Соли 2012 ба Тоҷикистон аз хориҷ 1055 тобути муҳоҷирони тоҷикро овардаанд. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов гуфт, ин назар ба 816 тобути соли қаблӣ 239 маврид бештар буда, дар соли гузашта дар хориҷ 93 зани тоҷик низ ҷон бохтаанд. Дар 91 маврид, ба гуфтаи мақомот, атбоъи Тоҷикистон дар хориҷ ҷабран кушта шудаанд. Ҳамасола то 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷ ва умдатан ба Русия мераванд. Дар соли 2012 ин мардум ба ватан 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG