Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанҷоли видеоҳои ҳамҷинсбозӣ дар Гурҷистон


Додситонии Гурҷистон мақомоти собиқи вазорати дифоъи ин кишварро ба наворбардории саҳнаҳои шаҳвонӣ бо ширкати шахсиятҳои шинохта ва истифодаи ин видеоҳо ҳамчун василаи таҳдид алайҳи ин афрод айбдор мекунанд. Ифшо шудани ин мавридҳо, ки мавҷи хашм дар ин кишвари Қафқозро ба бор овард, метавонад як зарбаи дигар ба раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ шавад, ки баъди бохти ҳизбаш дар интихоботи парлумонии моҳи октябр бе ин ҳам дар як вазъи мушкил қарор дорад.

Моҷарои бархоста дар Гурҷистон тамоми аҷзоъи хоси як ҷанҷоли пурсарудоро дорад: ҳам пулиси фосид, ҳам саҳнаҳои ҳамҷинсбозӣ ва ҳам шантажу ҳам чеҳраҳои маъруф. Додситонҳои гурҷӣ дар ин ҳафта бо айбдор кардани мақомоти дар гузашта аршади давлатӣ ба филмбардории саҳнаҳои ҳамҷинсбозии шахсиятҳои шинохта ва шантажи ин шахсиятҳо Гурҷистонро, ба истилоҳ, “тарконданд.” Ба гуфтаи додситонҳо, мақомоти собиқи вазорати дифоъ аз қурбониёни ин моҷаро пул мегирифтанд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо хадамоти махфӣ маҷбур мекарданд. Дар бархе маворид, афроди дахил гӯё ба тарафдорӣ аз Михеил Саакашвилӣ ва давлати таҳти назорати ҳизби ӯ садо баланд мекарданд.

Арчил Кбилашвилӣ – додситони кулли Гурҷистон рӯзи 15 январ дар нишасти хабарӣ гуфт: “Бо ин, мо мехостем нишон диҳем, ки чигуна шеваҳои идораи давлат ва ҳамин тавр, арзишҳои аслие, ки ҷомиа бояд рӯи он бино шавад, зидди қонун рафтанд.” Кбилашвилӣ гуфт, чунин шеваҳо дар аҳди Саакашвилӣ табиати “мунтазам” гирифта буд.

Додситонӣ ба хотири исбот кардани даъвои худ чанд навори равобити шаҳвониро ҳам нашр кард, ки ба хотири пинҳон нигоҳ доштани ҳуввияти қурбониёнаш дасткорӣ шудааст. Ин наворҳо дар чандин телевизиони маҳаллӣ нашр шуд, вале бовар меравад, ки дар маҷмӯъ даҳҳо чунин навор вуҷуд дорад.

Додситонӣ аз боздошти се мақом ва раҳоии баъдии онҳо дар баҳои гаравпулӣ хабар додааст. Гумон меравад, ки онҳо мардони ҳамҷинсбозро бо таҳдиди ифшои ин сирри онҳо ба ҳамкорӣ ҷалб мекарданд. Дар Гурҷистон, ки нуфузи калисо қавист, ҳамҷинсбозон ҳамчунон таҳти фишори шадиди беобрӯшавӣ қарор доранд. Афроди тоза ба ҳамкорӣ ҷалбшуда амр мегирифтанд, ки шахсиятҳои маъруферо, ки бовар меравад, ҳамҷинсбоз бошанд, ба манзилҳои муҷаҳҳаз бо видеокамераҳои махфӣ биоранд. Навори равобити шаҳвонии онҳо баъдан барои шантаж истифода мешуд.

Ин моҷаро метавонад мунҷар ба як зарбаи бузург ба Саакашвилӣ шавад, ки обрӯяш алакай ба маҳзи ҷанҷоли шиканҷа дар зиндонҳо хеле латма дидааст. Дар шарҳи моҷарои бархоста раисиҷумҳур ҳамаро итминони хотир дод, ки ин видеоҳо зери назари ӯ сурат нагирифтаанд. Саакашвилӣ гуфт, “ақалан як қазияро ном бигиред, то ман ин айбро ба гардан бигирам.”

Раёсати Саакашвилӣ баъди шикасти ҳизбаш дар интихоботи парлумонии моҳи октябр аз эътилофи Бидзина Иванишвилӣ, ки ҳоло ба курсии сарвазирӣ нишастааст, таҳти таваҷҷӯҳи шадид қарор гирифт. Парлумони ҷадид ҳатто барои таҳқиқи кӯтоҳиҳои ҳукумати пешин як куммиссиюни вижа таъсис додааст.

Ҷолиб ин аст, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл аз ин моҷаро, Саакашвилӣ худ ҳукумати кунуниро ба истифодаи айни “шеваҳои ифлос” ба манзури фишор ба мақомҳои содиқ ба ӯ айбдор кард. Саакашвилӣ аз ҷумла сардори пулиси як ноҳияро мисол овард, ки гӯё мақомоти махфӣ таҳдид кардаанд, ки писари аслии ӯ набуданашро ба фарзанди ӯ ошкор хоҳанд кард. Як қозии зан ҳам, ба гуфтаи Саакашвилӣ, тавассути навори алоқаи ҷинсӣ бо дӯстписараш таҳдид шудааст, ки бо мақомоти махфии давлати Иванишвилӣ ҳамкорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG