Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тошканд хотираҳои шӯравиро "мешӯянд"


Номи истгоҳи Собир Раҳимови метрои Тошканд ба Олмазор иваз шудааст.

Номи истгоҳи Собир Раҳимови метрои Тошканд ба Олмазор иваз шудааст.

Шаҳрдории Тошканд номи зиёда аз 230 кӯча ва гузари ин шаҳрро иваз кард ва мегӯяд, марҳилаи дуюми тағйири ҷойномҳои шаҳрро анҷом додааст.

Номи 237 кӯча ва гузари Тошканд иваз шуд. Бино бар қарори ҳокимияти шаҳр, барои намуна, кӯчаҳои генерал Собир Раҳимов, адибон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ Анна Аҳматова, Аброр Ҳидоятов, Маннон Уйғур, Ятим Бобоҷонов, Набӣ Ғаниев ва Ҳамза Умаров мутаносибан Тахтапул Дарвоза, Суғдиёна, гузари якуми Умед, Гулобод, Дилнаво, Шӯъла ва Тошбулоқ номида шуданд.

Мақомоти шаҳри Тошканд мегӯянд, ҳадаф аз ин маърака эҳёи топонимҳои таърихист, аммо ба ақидаи бархе аз коршиносон, мақсади асосии даври дуюми тағйири ҷойномҳо ба куллӣ “шустан”-и хотираҳои замони Шӯравист.

Номзади илми таърих, Нигора Ҳидоятова, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мақсади асосӣ ин аст, ки таърихи давраи шӯравӣ бояд фаромӯш шавад. Тамоми номҳое, ки иваз шуданд, ба ҳамин давраи таърихи Узбакистон рабт доранд. Номаълум аст, чаро ҳукумати мо ба таърихи давраи шӯравӣ ҳассосият дорад. Чаро бояд аз таърихи гузашта ҳарос дошт?”

Хонуми Ҳидоятова нест кардани номи афроди саршиносро аз кӯчаву гузарҳои шаҳр як беэҳтиромӣ нисбати онҳо ва нисбати таърихи гузашта унвон кард.

Таҳлилгари дигар Камолиддин Раббимов тағйири ҷойномҳоро ба эҳёи ҳофизаи миллӣ пайванд медиҳад ва мегӯяд:
“Ба назари ман, ин ҷо метавон як қонунмандии дақиқро дид. Номҳои кӯтоҳмуддат, ки дигар хидмате карда наметавонанд, аз байн бурда мешаванд ва номҳое зинда карда мешаванд, ки ахз имтиҳони вақту замон гузаштаанд. Ин ба номи шахси муайян ё давраи шӯравӣ бастагие надорад.”

Табдили ҷойномҳо дар Узбакистон бори аввал дар соли 1989 оғоз ёфта, ҳамаи ин солҳо идома кардааст. Нахуст, номҳое аз байн бурда шуданд, ки ба раҳбарон ва ходимони давлатию ҷамъиятии замони истиқрори ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ рабт доштанд. Соли 2011 бо қарори ҳукумати Узбакистон номи сарварони собиқ ва чеҳраҳои саршиносе чун Юлдош Охунбобоев, Акмал Икромов, Собир Раҳимов, Файзулло Хоҷаев барчида шуданд. Аз ҷумла истгоҳҳои метрои Тошканд, ки номи нависандаи рус Максим Горкий ва генерали давраи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум Собир Раҳимовро доштанд ба “Роҳи Абрешим” ва ”Олмазор” иваз шуданд. Соли 2012 ба истгоҳи “Чкалов”, ки ба номи ҳавонаварди машҳури шӯравӣ гузошта шуда буд, ба “Дӯстӣ” табдил ёфт.

Табдили топонимҳо ба аксари кишварҳои пасошӯравӣ хос аст ва дар Тоҷикистон низ ин раванд солҳои охир густариши зиёд пайдо кардааст. Агар дар солҳои гузашта номи қисме аз ноҳияҳо тағйир ёфт, ахиран номи кӯчаҳои Душанбе низ иваз шуда, бештари номҳои замони шӯравӣ аз байн рафтанд. Вале ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистону кишварҳои дигари пасошӯравӣ номҳои нави марбут ба замонаи феълӣ ба кӯчаву гузарҳо дода мешавад, ки мардум ба умри дарози онҳо шак доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG