Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кемерон: Бӯҳрон дар Алҷазоир идома дорад.


 Дейвид Кемерон
Дейвид Кемерон
Рӯзи ҷумъа сарвазири Британия Дейвид Кемерон ба хабарнигорон гуфт, ки бӯҳрони гаравгонгирӣ дар Алҷазоир идома дорад. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои амниятӣ таъқиби ҷангҷӯёнро идома медиҳанд ва эҳтимол дар дохили корхонаи коркарди гази табиӣ дар биёбони Саҳрои Кабир гаравгонҳо боқӣ монда бошанд. Ба гуфти сарвазири Британия зоҳиран ҳамлаи гурӯҳи гаравгонгир хеле хуб ҳамоҳангшудаву бузург буд. Ҳукумати Алҷазоир рӯзи панҷшанбе амалиёти наҷоти гаравгонҳоро оғоз кард. Ҷангҷӯён саъй намуданд, ҳамроҳ бо гаравгонҳо дар биёбон пинҳон шаванд. Ба навиштаи хабаргузориҳои Алҷазоир дар ин амалиёт як идда хориҷиён ва силоҳбадастони гаравгонгир кушта шудаанд. Аз сабаби бӯҳрони Алҷазоир Кемерон суханрониаш дар Ҳолландро, ки ба нақши Британия дар Иттиҳодияи Аврупо бахшида хоҳад шуд, ба таъхир гузошт.
XS
SM
MD
LG