Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости санади ташхиси марзҳои Осиёи Марказӣ


 Ҳамрохон Зарифӣ

Ҳамрохон Зарифӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз Русия расман дархост намудааст, ки санадҳои таърихӣ дар бораи ташхиси марзҳо миёни ҷамоҳири Осиёи Марказиро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад. Рӯзи ҷумъа дар Душанбе Зарифӣ ба хабарнигорон гуфт, чунин санадҳо ба хотири ташхиси марзҳои Тоҷикистон бо Узбакистону Қирғизистон зарур мебошанд, то мушкиле шабеҳи бӯҳрони ноҳияи Сӯх сар назанад. Сӯх ҷазира-қаламрави Узбакистон дар дохили Қирғизистон аст, ки сокинони он асосан тоҷиктаборанд. 5 ва 6-уми январ бар асари ҷанҷоли сокинони Сӯх бо марзбонони қирғиз, ки ҳангоми кашидани хатти интиқоли барқи марзбонони қирғиз сар зад, тибқи гузоришҳо 5 сокини Сӯх ҷароҳат бардошта, камаш 30 шаҳрванди Қирғизистон муддати як рӯз гаравгон буданд. То ҳанӯз миёни ҷамоҳири Осиёи Марказӣ баҳсҳои марзӣ ҳал нашудаанд.
XS
SM
MD
LG