Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаҳои порлумон лоиҳаи пешниҳодии аҳзоби сиёсӣ дар робита ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба «Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон» - ро рад кардаанд.

Ин аст, хулосаи саркумитаи Маҷлиси Намояндагон, ки рӯзи ҷумъа бо ҳузури масъулони ин саркумита, вакилоне, ки ин лоиҳаро пешниҳод кардаанд ва ҳамчунин Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсии Тоҷикистон баргузор шуд.

Галия Рабиева, намояндаи Саркумитаи тарҳи пешниҳодии аҳзоби сиёсӣ дар робита ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба «Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон» ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба хулосаи кумитаҳои порлумон ва ҳукумати кишвар, ки он ҳам ба ин лоиҳа посухи рад додааст, аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон дархост мешавад, то дар ҷаласаи навбатӣ идомаи баррасии ин лоиҳаро рад кунад.

Яке аз сабабҳои рад шудани лоиҳа тавассути кумитаҳои порлумон, таъхир дар пешниҳод шудани ин лоиҳа будааст. Зеро кумитаҳо иддао карданд, ки аҳзоб бояд лоиҳаро аққаллан як сол пеш аз интихоботи президентӣ ба порлумон ироа мекарданд.

Далели дигари кумитаҳои порлумон ин будааст, ки пешниҳоди аҳзоб барои лағви 5 дарсадии ҷамъоварии имзои тарафдорони номзад ба интихоботи президентӣ низ рад шудааст. Чун ба таъкиди кумитаҳои порлумон, ин меъёр, яъне 5 дарсадӣ меъёри конститутсионӣ аст ва ба ин далел намешавад, онро аз Қонуни интихоботи президентӣ лағв кард.

Ҳамчунин кумитаҳои порлумон ба пешниҳоди лоиҳа, ки бояд намояндагони ҳама аҳзоби сиёсӣ на танҳо дар ҳайати Кумиссиюни Марказии интихобот, балки дар ҳавзаҳо ва ба хусус участкаҳои интихоботӣ узвият дошта бошанд, рад шудааст. Далели рад он будааст, ки аҳзоб на дар ҳама минтақаҳо намояндаи худро доранд ва ба ин далел иҷрои ин банд низ номумкин будааст.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз муаллифони тарҳи пешниҳодӣ бар ин назар аст, ки амалкарди кумитаҳо бештар ҷанбаи сиёсӣ доранд. Ҳусайнӣ бар ин бовар аст, ки далели рад шудани лоиҳаи мазкур он аст, ки дигар вакилон, ки аксарият аъзои ҳизби ҳоким ҳастанд, намехоҳанд, то барои ҳама аҳзоб, ба хусус аҳзоби мухолиф заминаҳои баробари ширкат дар интихобот ба вуҷуд ояд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон низ, ки хостори ворид кардани тағйиру иловаҳо ба «Қонуни Интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон» аст, ба иддаои кумитаҳои порлумон эътироз кард ва гуфт, ки далелҳои матраҳкардаи кумитаҳои порлумон асоси воқеӣ надоранд. Дар ҳоле, ки ба таъкиди Шабдолов, бандҳое, ки дар лоиҳаи аҳзоб пешниҳод шуда буд, метавонист, шароитро барои баргузории як интихоботи шаффофу мунсифона ва демократӣ барои ҳамаи аҳзоб фароҳам созад.

Рад шудани лоиҳа аз сӯи кумитаҳо ва саркумитаи порлумон дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш Кумитаи тадорукот барои ислоҳи қонуни интихоботи президент нишасти худро баргузор карда буд ва талош дошт, то ин лоиҳа маврид баррасии порлумон ва тасвиби вакилон қарор бигард.

Зимнан, кумитаи тадорукот аз созмонҳои ҳуқуқӣ, назири Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон - "Сипар", Коллегияи адвокатҳои мустақили Душанбе ва Консорсиуми юридикии Тоҷикистон ва чаҳор ҳизби сиёсӣ - ҲУСДТ, ҲНИТ, ҲДТ (ба раҳбарии Масъуд Собиров) ва ҲСТ, созмонҳои иҷтимоӣ ва шахсиятҳои алоҳида иборат аст.

Кумитаи тадорукот ду моҳе қабл аз тариқи Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ, вакилони порлумон аз ҲНИТ, тарҳи пешниҳодии худро ба порлумон ироа карда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG