Пайвандҳои дастрасӣ

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар нахустин қувваозмоияш дар соли нав дар мусобиқаи дастаии силсилаи ҷаҳонии бокс (WSB) дар Милани Италия шикаст хӯрд.

Анвар Юнусов, қаҳрамони Осиё ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар ҳайати дастаи муштзанҳои ҳирфаӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳунарнамоӣ кард, дар рақобатҳо дар вазни то 61 кг аз муштзани Филиппин Чарли Суарес мағлуб гашт.

Баъди хотимаи рақобат, ки аз панҷ раунд иборат буд, ду довар бо ҳисоби якхелаи 47:47 натиҷаи қувваозмоиро мусовӣ баҳогузорӣ карданд ва як нафар бо ҳисоби 49:46 муштзани итолиёвиро пирӯз донист.

Бояд гуфт, ки Анвар Юнусов дар мусобиқоти WSB аз соли 2011-ум ширкат мекунад. Вай мавсими гузашта дар ҳайати дастаи “Динамо”-и Маскави Русия дар рақобатҳо дар вазни то 54 кг 5 қувваозмоӣ карда, дар чаҳортоаш ғолиб омадааст ва дар яктоаш мағлуб гаштааст.

Дар мавсими нав бошад, ӯ дар ҳайати дастаи муштзанҳои ҳирфаӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар вазни то 61 кг ҳунарнамоӣ карда, дар ҳарду қувваозмоӣ шикаст хӯрдааст.

Аз ин пеш Анвар Юнусов рӯзи 23-юми ноябри соли 2012-ум дар пойтахти Қазоқистон дар рақобатҳо дар вазни сабук аз муштзани қазоқ Самат Башенов мағлуб гашта буд. Баъди хотимаи рақобат, ки аз панҷ раунд иборат буд, ҳарсе довар бо ҳисоби якхелаи 50:45 муштзани қазоқро пирӯз донистанд.
XS
SM
MD
LG