Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз девори каҷ ҳазар: Хатар ба сокинони 360 деҳа дар Хатлон


Ҳотамшо Шарифов
Ҳотамшо Шарифов

Ситоди ҳолатҳои изтирории Хатлон ба зарурати кӯч додани қариб 26 ҳазор нафар ба мавзеъҳои амн таъкид мекунад.

360 деҳа дар вилояти Хатлон зери хатари ҳаводиси табиӣ ва техногенӣ қарор дошта, ситоди ҳолатҳои изтирории Хатлон ба зарурати зудҳангом кӯч додани қариб 26 ҳазор нафар ба мавзеъҳои амн таъкид мекунад.

Омадани сел, лағжиши куҳпораҳо, фуруди ярч, обхезӣ, болоравии сатҳи оби дарёҳо, баландшавии оби зеризаминӣ, фурӯравии замин ва мисли ин ҳаводиси табиӣ, ба ҷони даҳҳо ҳазор сокини ин деҳаҳо хатар эҷод карда, имкон дорад, ки садҳо манзили зист ва дигар сохтмонҳо тахриб шавад. Танҳо дар 12 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон қариб 19 ҳазор хоҷагӣ ё оила дар мавзеъҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд, яъне қариб 118 ҳазор нафар, аз он миён 25818 нафар дар «минтақаҳои ниҳоят хатарнок» бар сар мебаранд.

Ҳотамшо Шарифов, сардори ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон, гуфт, танҳо дар ноҳияи Бохтар беш аз 3100 оила, ҷамъан 28 ҳазор нафар, дар мавзеъҳои пурхавф зиндагӣ доранд. Ситоди ҳолатҳои изтирории Хатлон мегӯяд, ки бояд дар навбати аввал 715 хонавода, беш аз 6 ҳазор нафар аз Бохтар ба ҷойи бехатар кӯчонда шаванд.

Ҳотамшо Шарифов афзуд, ки «қариб ҳамаи ин 360 деҳа, наздисоҳилӣ ҳастанд ва ё деҳаҳои куҳистонӣ. Дар ҷойҳое, ки об мефарояд ё ярчу тарма, хона сохтаанд. Дар натиҷаи боронҳои зиёд ё селбориш ин деҳаҳо шуста, тахриб шуданаш мумкин. Мутаассифона, дар як соли охир 4 нафар дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамин гуна деҳаҳои хатарнок фавтидаанд».

Масъулон мегӯянд, ки барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, анҷоми умури соҳилбандӣ дар вилояти Хатлон дар маҷмуъ беш аз 300 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Хонум Зулайхо, сокини деҳаи Навободи ноҳияи Бохтар, деҳае, ки шомили феҳрасти «деҳаҳои хатарнок»-и ситоди ҳолатҳои изтирорист, мегӯяд, ҳар сол фарорасии фасли баҳорро бо тарсу ҳарос истиқбол мегирад, зеро хатари фурӯравии манзили зисти ӯ ва ҳамсояҳояш меафзояд. Вай афзуд, мақомоти давлатӣ ба муроҷиатҳои батакрори сокинони маҳаллӣ барои ихтисоси қитъаҳои замин дар мавзеъҳои бехафв посухи рӯшан надодаанд. «Чанд бор рафтем, зимистону баҳор, ки наздик омадан гирифт, диламон қарор намегирад. Метарсем, ки хонаамон вайрону валангор мешавад. Соле пеш бориши бисёр оғиламонро вайрон кард, ду говамон зери девор монда, ҳаром мурд. Фарзандонам бисёранд, ҳоло чор писарам хонадор нашудаанд. Аз ҳукумат илтимос дорам, ки ақаллан як порча замин диҳад дар ҷойи бехатар, то ки барои онҳо манзил созем», - гуфт Зулайхо.

Аммо Ҳотамшо Шарифов, сардори ситоди ҳолатҳои изтирории Хатлон, аз ҳукуматҳои маҳаллӣ интиқод кард, ки барои кӯч додани оилаҳо ба мавзеъҳои бехавф талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд. Вай ҳамчунин гуфт, ҳукуматҳои маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси табиӣ маблағҳои ночиз ихтисос медиҳанд, аз ҷумла 19 шаҳру ноҳия барои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои фавқуллода маблағе ихтисос надодаанд. Раванди кӯч додани аҳолии зери хатар низ иҷро намешавад.

Ҳотамшо Шарифов ба ҳукумати Хатлон пешниҳод кардааст, ки бинобар хунукназарии мақомоти маҳаллӣ ба мавзуи омодагӣ ба ҳаводиси табиӣ, афроди масъули давлатӣ бояд ба муҷозот кашида шаванд. Дар ҳамин ҳол, ситоди ҳолатҳои изтирории Хатлон мегӯяд, мактаби президентӣ дар ноҳияи Бохтар, ки ҳанӯз ду сол қабл сохта шуд, низ ҳоло дар ҳолати хавф қарор дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин мактаб зиёда аз 1000 кӯдак таҳсил мекунад. Мақомот мегӯянд, зиёда аз ним миллион сомонӣ даркор аст, ки соҳили дарёи Вахш, наздикии мактаби президентӣ, мустаҳкам карда шавад, аммо то кунун беш аз 100 ҳазор сомонӣ хисорот ворид шудааст. Ба ин далел, Ситод ҳушдор медиҳад, ки хатари вайрон шудани қисмате аз сохтмонҳои ин мактаб вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2012 дар вилояти Хатлон 28 ҳодисаи мухталифи табиӣ рух дода, беш аз 18 миллион сомонӣ хисорот ворид кардааст. Дар маҷмуъ, 25 сокини маҳаллӣ қурбони ҳаводиси табиию техногении як соли охир шудаанд.
XS
SM
MD
LG