Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти раҳоии гаравгонон дар Алҷазоир поён ёфтааст


Хабаргузории расмии Алҷазоир мегӯяд, ки амалиёти низомӣ барои раҳоии гаравгонон аз як корхонаи дурафтодаи коркарди газ дар ин кишвар ба поён расидааст. Хабаргузорӣ дар ин бора рӯзи панҷшанбе аз қавли як мақоми расмии Алҷазоир хабар дода, вале бештар аз ин чизе нагуфтааст. Тундравони исломӣ, ки даҳҳо нафарро дар ин корхона гаравгон гирифтанд, гуфтанд, ки 35 гаравгон ва 15 гаравгонгир дар ҷараёни амалиёт кушта шуданд. Муҳаммад Саид, вазири иттилоъоти Алҷазоир талафот дар ҷараёни амалиёти низомиро таъйид кард, вале оморе наовард. Расонаҳои алҷазоирӣ гуфтаанд, ки чанде аз шаҳрвандони хориҷӣ раҳо шудаанд. Рӯзи чаҳоршанбе тундравони исломӣ бо талаби он ки Фаронса, амалиёташ алайҳи шарикони онҳо дар Малиро қатъ кунанд, дар корхонаи коркарди газ дар Саҳрои Кабир, даҳҳо хориҷиву алҷазоириро гаравгон гирифтанд.
XS
SM
MD
LG