Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду муҳоҷири узбак дар Русия ба хотири ..


Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, ду муҳоҷири узбакро дар ин кишвар фақат ба хотири гум шудани як абзори сохтмонӣ куштаанд. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли вазорати умури дохилии Русия навиштааст, бо иттиҳоми қатли ин коргарони узбак дар шаҳри Красноярск, ки 4 декабр бенишон шудаанд, ду сокини ин шаҳрро боздошт карданд. Ба гуфтаи мақомоти умури дохилии Русия, дар як хонае, ки шаҳрвандони 56 ва 54-солаи Узбакистон кор мекардаанд, перфоратор ва ё сурохкуни қавие гум шудааст ва соҳиби хона, муҳоҷирони кории узбакро ба дуздии ин абзор муттаҳам кардаанд. Соҳиби хона бо шарикаш муҳоҷиронро ба соҳили рӯдхонаи Енисей оварда, баъди латукӯби зиёд дар он ғарқ кардаанд. Номи муттаҳамон ва қурбониёнро ошкор накардаанд, вале гуфтаанд, таҳқиқи ин қазия идома дорад.
XS
SM
MD
LG