Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳурот дар Исломободи Покистон поён меёбад


Муҳаммад Тоҳир Қодирӣ, рӯҳонии мӯътабар ва баргузоркунандаи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Покистон бо ҳукумат мувофиқа кардааст, ки ба раҳпаймоии чаҳоррӯзаи тарафдоронаш хотима медиҳад. Муҳаммад Тоҳир Қодирӣ баъди музокироти чандсоата бо як ҳайъати ҳукуматӣ дар Исломобод рӯзи панҷшанбе ба эъломияи “Раҳпаймоии тӯлонӣ” имзо гузошт. Ӯ ки бо ҳазорон тарафдораш дар назди порлумони Покистон тазоҳурот мекард, ҳукуматро фосиду бемасъулият хонда ва аз он хостааст, ки истеъфо диҳад. Ӯ ҳамчунин талаб дорад, ки дар низоми интихоботӣ ва ҳам барои мубориза бо фасод дар Покистон ислоҳоти фарогире анҷом шавад. Яке аз талабҳои асосии ӯ фавран пароканда кардани порлумон ва таъсиси ҳукумати муваққат аст. Бар асоси эъломияи имзошуда, порлумони Покистон бояд то рӯзи 16 март пароканда шавад ва то 90 рӯзи дигар интихобот баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG