Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири ИМА: "Музокирот бо Толибон шурӯъ нашудааст"


Ҷеймс Каннингам, сафири Амрико дар Кобул, эътироф кардааст, ки музокироти сулҳ дар Афғонистон “дар воқеъ ҳатто шурӯъ нашудааст.” Ӯ рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Кобул ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати Амрико хоҳони музокироти ҷиддии сулҳ бо Толибон аст, вале эътироф кард, ба роҳ андохтани ин музокирот ҳанӯз ҳам ба онҳо муяссар нашудааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли гузашта музокирот бо Толибонро шурӯъ кард, вале ин гурӯҳ аз идомаи музокирот даст кашид, зеро ба гуфтаи Толибон, Амрико 5 узви онҳоро аз Гуантанамо раҳо накард. Чанде пештар аз ин ҳукумати Афғонистон садҳо Толибро аз зиндонҳои кишвар раҳо кард ва 26 Толиби дигарро низ бо талаби Кобул аз Покистон раҳо карданд. Афғонистон умедвор аст, аз ин роҳ, Толибонро ба музокироти сулҳ дилгарм мекунад, вале ба гуфтаи Ҷеймс Каннингам, аксари Толибони раҳошуда аз Покистон ғайб задаанд.
XS
SM
MD
LG