Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти наҷоти гаравгонҳо дар корхонаи гази Алҷазоир


Гузоришҳо аз қавли вазорати корҳои хориҷаи Британия мегӯянд, ки дар корхонаи истихроҷи гази Алҷазоир дар биёбон амалиёти низомӣ идома дорад. Дар ин корхона тундравҳои исломӣ хориҷиён ва кормандони маҳаллиро дар гаравгонӣ нигоҳ медоранд.

Як сокини маҳаллӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дар ин корхона ҷасадҳои зиёд ба чашм мерасад. Артиши Алҷазоир ин корхонаро дар наздикии марз бо Либия дар муҳосираи худ гирифтааст.

Тундравҳо рӯзи чаҳоршанбе ба ин корхона ҳамла бурданд ва даҳҳо нафар хориҷиёну коргарони маҳаллиро гаравгон гирифтанд. Бино ба гузоришҳои таъйиднашуда, дар амалиёти нируҳои артиши Алҷазоир 34 гаравгон ва 14 гаравгонгир кушта шудаанд.

Субҳи рӯзи панҷшанбе хабаргузориҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки 15 шаҳрванди хориҷӣ ва 30 коргари маҳаллӣ аз гаравгонӣ фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG