Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Хоманаӣ аз даъватҳо ба "интихоботи озод”


Оятуллоҳ Хоманаӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ

Даъвати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, барои хотима бахшидан ба дархостҳои мардумӣ дар бораи баргузории интихоботи озоду одилона, миёни мардуми Эрон ба танз кашида шудааст.

Хоманаӣ 8 январ зимни яке аз суханрониҳои худ ин масъаларо матраҳ кард ва акнун рӯшан аст, ки тири вай ба ҳадаф нарасидааст, балки “тираш хок хӯрдааст”. Ӯ изҳор дошта буд, ки “мегӯянд, интихобот бояд озод бошад. Хуб, маълум аст, ки интихобот бояд озод бошад. Аз аввали инқилоб то ҳоло мо сию чандто интихобот доштем. Кадомаш озод набудааст?”

Раҳбари Эрон, ки ҳамеша дар ҳар кору дар ҳар ҳамоиш сухани ахирро дар ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, изҳор доштааст, ки ба миён ниҳодани ин масъалаҳо ба нафъи “душманон”-и Эрон аст ва мардумро барои ширкати фаъолашон дар интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳурии 14 июн аз роҳ мезанад.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳоло оятуллоҳ Хуманаӣ ба суханони презиндентҳои пешини Эрон, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммади Хотамӣ дар бораи баргузории интихоботи озоду одилона ва пуррақобат ҷавоб медиҳад. Онҳо дар ҳафтаҳои гузашта ҳамин масъаларо матраҳ карда буданд.

Хоманеӣ бо ин ҳушдори худ мехоҳад садоҳоеро хомӯш созад, ки ба интихоботи озод даъват мекунанд.Ҳоло ин даъвати Хоманеӣ дар сомонаҳои мухталифи интернетӣ мавриди баррасиҳои ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Сомонаҳо акнун дар бораи шароити баргузории интихоботи озоду одилона менависанд ва суол мегузоранд, ки оё дар Ҷумҳурии Исломӣ имкони баргузораии чунин интихобот вуҷуд дорад?

Баъд аз 8 январ истилоҳи “интихоботи озод” ба забони форсӣ дар бахши ҷустуҷӯи шабакаи Google ба мустаъмалтарин истилоҳ табдил ёфтааст. Як рӯзноманигори эронӣ, ки нахост аз худ ном бибарад, ҳангоми сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба Хоманеӣ изҳори ташаккур кард, ки дар суханронии худ ба интихоботи озоду одилона ишора кардааст. Дар берун аз интернет низ ин мавзӯъ мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифтааст.

Хонум Нимо Рошедон, муҳаққиқи эронӣ, мегӯяд, даъват барои баргузории интихоботи озод дар миёни муҳофизакорон нигарониҳо ба бор овардааст. Онҳо бовар доранд, ки чанд гурӯҳи мухолифи давлат метавонанд дар атрофи ин шиор муттаҳид шаванд. Хонум Нимо мегӯяд, баъзе аз сомонаҳои интернетӣ, ки ба доираҳои амниятӣ наздиканд, гуфтаанд, ки дар давоми 30 соли гузашта гурӯҳҳои сиёсии мухолифи давлати Эрон ҳеҷ гоҳ ин гуна яксон истилоҳи “интихоботи озод”-ро истифода накарда буданд ва он мавзӯи нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Баъд аз ҳушдори Хоманаӣ, Мустафо Тоҷзода, зиндонии маъруфи сиёсӣ, ки дар давраи раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ буд, гуфт, ки ҳушдорҳо дар бораи интихоботи озод набояд тарсу ҳарос эҷод кунад. Дар номаи худ аз зиндони Эвин, ки дар сомонаи мухолифон ба нашр расидааст, Тоҷзода мегӯяд, агар вай озод мебуд, маъракаи бузургу густардае барои интихоботи озод роҳандозӣ мекард.
XS
SM
MD
LG