Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

45 коргари газ аз гаравгонӣ дар Алҷазоир фирор кардаанд


Матбуоти давлатии Алҷазоир гузориш медиҳад, ки 15 шаҳрванди хориҷӣ ва 30 нафар коргарони маҳаллӣ аз муассисаи истихроҷи газ дар биёбон фирор кардаанд. Дар ин муассиса даҳҳо нафар, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ гаравгон гирифта шудаанд.

Хабаргузории давлатии APS дар гузориши худ нагуфтааст, ки ин гаравгонон чӣ тавр фирор кардаанд. Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки нируҳои Алҷазоир муҳосираи ин муассисаи газро идома медиҳанд.

Тундравҳое, ки ин корхонаи газро дар наздикии марзи Либия ба тасарруфи худ даровардаанд, талаб доранд, ки Фаронса мудохилаи худ ба Малиро хотима бахшад.

Дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии Al-Jazeera гуфтааст, ки дар корхонаи газ “тақрибан 41” нафар гаравгон гирифта шудаанд ва дар миёни онҳо шаҳрвандони Норвегияву Фаронса, Амрикову Британия, Руминияву Колумбия, Тайланду Филиппин, Ирландияву Кореяи Ҷанубӣ ва Арманистон ҳастанд.

Ин мард, ки бо Al-Jazeera сӯҳбат кардааст, иддао дорад, ки намояндаи тундравҳо мебошад ва хостори музокира бо ҷониби давлат шудааст. Вале давлат ҳар гуна музокиаро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG