Пайвандҳои дастрасӣ

Блейк мегӯяд, музокира роҷеъ ба Манас идома дорад


Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ дар ҷараёни боздидаш аз Бишкеки Қирғизистон гуфт, музокира роҷеъ ба истифодаи баъдии пойгоҳи низомии Манас идома дорад.

Блейк рӯзи панҷшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ҳоло зуд аст, то дар бораи ҷузъиёти истифодаи ин пойгоҳ аз сӯи Амрико сухан кард, зеро хуруҷи қисмати аслии нируҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.

Блейк дар бораи ин, ки соли гузашта Амрико барои иҷораи пойгоҳ ва молиёти он 200 миллион доллар ба Қирғизистон пардохт кардааст, чизе нагуфт.

Бино ба гузоришҳо, рӯзи чаҳоршанбе Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Блейк гуфтааст, ки то поёни соли 2014 дар Манас набояд таҷҳизоти низомӣ ва воҳидҳои низомӣ боқӣ бимонанд.

Ҳоло НАТО фурудгоҳи Манасро дар наздикии Бишкек барои икмолоти нируҳои худ дар Афғонистон истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG