Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуди 2 кӯдак дар Тоҷикистон аз бордоркунии сунъӣ


Ду кӯдаки навзод бо роҳи маснуъии бордоркунӣ дар Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушоданд.

Шамсиддин Қурбонов-раҳбари маркази «Насл» рузи панҷшанбе дар нишасте ба рӯзноманигорон хабар дод. Вай гуфт, ҷараёни таваллуд бомувафақият будааст ва ҳар ду кӯдаке, ки ба таври маснуъӣ дар ҷанини тиббӣ парварида шуда буданд, ҳоло ба дунё омаданд.

Вазни яке аз ин кӯдакон 2 килову 550 грам ва дигарӣ 2 килову 700 грам мебошад.
Ҷаноби Қурбонов афзуд, азбаски мардуми Тоҷикистон ҳанӯз ба фарҳанги ЕКО таваллуд одат накардаанд аз ин рӯ ному насаби падару модари онҳо фош карда намешавад.

Шамсиддин Қурбонов гуфт, ки ин таҷриба нишон дод, ки дигар дар Тоҷикистон таваллуди кудак аз роҳи бордокунии маснуъӣ маъмулӣ хоҳад шуд.

То кунун шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қазоқистону Чин ва Эрон муроҷиат мекарданд ва маблағи зиёд сарф мешуд.

Дар Тоҷикистон барои бордокунии маснуъӣ то замони таваллуд ҳудуди 5 ҳазор доллар харҷ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG