Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори вазири Покистон ба ҷонибдорони Қодирӣ


Раҳмон Малик

Раҳмон Малик

Раҳмон Малик-вазири корҳои дохилии Покистон ба эътирозгарони зидди ҳукуматӣ, ки дар Исломобод раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд, ҳушдор додааст, ки парканда шаванд. Вазир гуфт, ҳазорон нафар эътирозгарон аз рӯзи душанбе ба ин сӯ дар маркази шаҳр ҷой гирифтаанд ва дар рафту омади сокинон мушкил эҷод мекунанд.

Вазир ҳушдор додааст, ки мардум ва ҳукумат дигар наметавонанд ба чунин вазъ тоқат кунанд.

Малик ҳамчунин гуфтааст, ки дар бораи нақшаҳои тундравҳо маълумот ба даст овардааст ва онҳо мехоҳанд ба эътирозгарон ҳамла кунанд.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, ҳар гуна ҳамлае аз ин қабил гуноҳи Муҳаммад Тоҳир Қодирӣ-раҳбари рӯҳонии эътирозгарон хоҳад буд.
.
XS
SM
MD
LG