Пайвандҳои дастрасӣ

Озмуни роҳбаладони ҳаҷҷ


Дафтари матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки барои интихоби роҳбаладони ҳирфаӣ ва забондон дар мавсими ҳаҷҷи соли 2013, озмун эълон кардаанд. Ҳар як довталаб аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин озмунро дорад, метавонад ҳуҷҷатҳои худро ба ин ниҳод пешниҳод намояд. Дар робита ба шартҳои озмун гуфта мешавад, ки довталаб бояд бо забони арабӣ ҳамаҷониба ошно буда ва на камтар аз як бор ба зиёрати ҳаҷ рафта бошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба озмун то рӯзи 31-уми январи соли 2013 идома хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ниҳоди мазкур оғози мавсими ҳаҷ барои соли 2013-ро эълом доштааст ва аз ҳоло омодагӣ барои қабули асноди лозима барои зиёрати ҳаҷ шуруъ гардидааст. Дафтари матбуоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон аз нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи феврал идома меёбад. Ва на дертар аз 10 –уми моҳи март ҳуҷҷатҳои зоирин ба Кумита дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
XS
SM
MD
LG