Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба фазо маймун мефиристад


Расонаҳои Эрон хабар додаанд, ин кишвар як мушакро, ки маймунеро бо худ хоҳад дошт, ба фазо партоб мекунад.

Ин расонаҳо аз қавли Ҳамид Фозилӣ, раиси идораи фазоии Эрон гуфтаанд, мушакеро, ки як маймун ё бузинаро интиқол медиҳад, дар поёни моҳи ҷорӣ ва дар 34-умин солгарди Инқилоби Исломии Эрон, ба фазо хоҳанд фиристод.

Хабаргузории «Меҳр» гузориш медиҳад, маймуне, ки қарор аст дар як капсул ба номи «Пешгом» тавассути мушаки «Ковишгар» ба фазо фиристода шавад, дар ҳоли ҳозир қарантин шудааст.

Эрон қаблан низ ҳайвоноти кӯчаке чун муш, сангпушт, сусмор ба фазо фиристодааст. Вале талоши Эрон барои фиристодани маймун ба фазо дар соли 2011 ноком шуд ва мақомоти ин кишвар сабаби ин нокомиро рӯшан насохтанд.

Магасҳои мева, нахустин коиноти зинда буданд, ки дар соли 1947 зимни як барнома Амрико ба фазо фиристода шуданд ва зинда ба замин баргаштанд.

Маймунҳо барои фиристодан ба фазо ба он хотир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд, ки зоҳиран аз лиҳози ҳушмандӣ ва сохти биологӣ бо инсонҳо то ҳадде монандӣ доранд. Ба ин маънӣ, ки бо фиристодани бузина ба фазо, имконоти фиристодани инсонро низ ба фазо метавон дарк кард.

Эрон умедвор аст, ки дар озмоиши худ муваффақ шавад ва Ҳамид Фозилӣ раиси идораи фазоиии Эрон гуфтааст, ки бо анҷоми барномаи фиристодани маймун ба фазо, ин кишвар хоҳад тавонист, ки дар соли 2020 фазонаварди худро ба кайҳон бифиристад.

Барномаи фазоии Эрон кишварҳои ғарбиро нигарон сохтааст, чун гумон мекунанд ки ин кишвар имкон дорад бо истифода аз тавоноиҳои фазоии худ, мушакҳоеро инкишоф бидиҳад, ки қодир ба интиқоли кулоҳакҳои ҳастаӣ бошад. Вале Эрон таъкид мекунад, ки барномаи фазоии ин кишвар танҳо аҳдофи илмӣ ва ғайри низомиро дар пай дорад.
XS
SM
MD
LG