Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Тартибот". Тафтиши худиҳо ё бегонагон?


Бинои шаҳрдории Душанбе.
Бинои шаҳрдории Душанбе.

Муддати ду рӯзи баргузории амалиёти «Тартибот», ки аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе сурат мегирад, ҳудуди 200 нафар, ки бе сабти ҷойи иқомат ҳастанд, муҷозоти маъмурӣ гирифтанд.

Баргузории ин амалиёт барои ошкор кардани афроди бидуни қайд дар ҳолест, ки бинобар афзоиши теъдоди аҳолии Душанбе аз ҳисоби мардуми деҳот, пойтахт симои худро гум карда ва ба тадриҷ ба русто табдил меёбад.

Соли дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе амалиёти «Тартибот» ё худ бозрасии шиносномаҳои сокинони пойтахт анҷом мешавад. Масъулони вазорати корҳои дохилӣ ҳадафи аслии ин иқдомро мушаххас кардани афроди тасодуфӣ ва онҳое, ки бе қайди ҷойи зист дар маркази Тоҷикистон иқомат доранд, унвон мекунанд. Ҳамчунин дар ин амалиёт хориҷиёне, ки бидуни асноди будубош ҳастанд, ошкор хоҳанд шуд. Дастандаркорони ин иқдом мегӯянд, амалиёт замони хосеро фаро намегирад ва он марҳала ба марҳала идома хоҳад ёфт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди Бароталӣ Ҳамидов, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин гуна амалиёт соле ду-се маротиба гузаронида мешавад. Вай афзуд, «дилхоҳ шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ ва истиқомат кунад, лекин дар асоси қонунҳои амалкунанда. Вай бояд худашро ба сардори хона шинос намояд, мақсади омаданашро фаҳмонад, ки аз Суғд, аз Бадахшон ё аз минтақаи Рашт барои кор омадааст, барои хондан омадааст ва худро ба нозири минтақавӣ шинос намуда, ба қайди муваққатӣ гузорад. Мутаассифона шаҳрвандони мо ба ҳамин талабот риоя намекунанд.»

Яке аз хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон.
Яке аз хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон.
Бар асоси иттилои вазорати корҳои дохилӣ, танҳо дар як соли ахир ба манзури риоя накардани қоидаҳои будубош нисбати ҳудуди 19 ҳазор шаҳрвандон санади маъмурӣ тартиб дода шуда ва онҳо ба маблағи беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохтаанд.

Ба гуфтаи Бароталӣ Ҳамидов, тайи ду рӯзи ин амалиёт ҳудуди 200 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда ва ҷарима карда шудаанд. Аммо соҳибназарон мегӯянд, амалиётҳои назири «Тартибот» бояд муҷозоти сангине дошта бошад. Зеро танҳо бо ҷарима кардани шахси бидуни қайд, мушкили мавҷудро дар шаҳр рафъ карда намешавад.

Баргузории амалиёти «Тартибот» ё худ мушаххас кардани сокинони аслии шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки ба гуфтаи Усмон Раҷабов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳр», тибқи нақшаи генералӣ, шаҳри Душанбе барои 600 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Аммо дар ҳоли ҳозир бар асоси омори расмӣ, теъдоди сокинони шаҳр ба 750 ҳазор нафар баробар аст. Ҳар чанд ба таъкиди ҷаноби Раҷабов дар асл ин рақам марзи 1 миллион нафарро убур кардааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ҷаноби Раҷабов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе барои то соли 2030 тарҳрезӣ шудааст, ки дар он бояд 1 миллион нафар зиндагонӣ кунад.Ӯ гуфт, «ба ҳамин мувофиқ мо ҳама инфрасохторҳои ҳам фонди манзилӣ, ҳам иҷтимоӣ, ҳам фонди инфрасохторҳои нақлиётӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва ғайраро албатта ба назар мегирем.»

Афзоиши рӯзафзуни ҷамъияти пойтахт нигарониҳоеро дар миёни сокинон ба бор овардааст. Саодат Ашӯроваи 72-сола, сокини муқимии шаҳри Душанбе бар ин назар ааст, ки дар чанд соли ахир пойтахти Тоҷикистон симои худро тағйир додааст.

Ин тағйиротро Саодатхола агар аз як тараф дар қомат афрохтани биноҳои нав ба нави боҳашамат дар пойтахти кишвар донад, аз ҷониби дигар мегӯяд, одамони шаҳр низ дигар шудаанд. Аммо сабаби дуввум холаи Саодатро ҳеҷ хушҳол намесозад. Зеро вай мегӯяд, фарҳанги одамони шаҳр коста шуда ва албатта ин амр ба ҳусни шаҳр низ бе таъсир намемонад, «аз ҷиҳати сохтмони иншооти нав
Яке аз биноҳои навсохт дар Душанбе.
Яке аз биноҳои навсохт дар Душанбе.
Душанбеи имрӯза тараққӣ кардагӣ аст ва бо дидани он хурсанд мешавам, вале фарҳангу маданият қариб, ки намондааст. Чунки аксарият аз деҳот омадаанд ва одамони пешинаро хеле кам мебинам. Одамони пешинаи Душанбе тамоман фарҳанги дигар доштанд. Ҳурмату эҳтиром ва маданияти шаҳрнишиниро медонистанд. Ҳозир ин чиз дида намешавад.»

Ба монанди Саодат Ашӯрова, аксарияти сокинони муқими шаҳр бар инанд, ки Душанбе-пойтахти Тоҷикистон симои кишвару миллат аст ва мардуми он низ бояд аз фарҳанги волое бархӯрдор бошанд.

Аммо ин сокинон аз он таассуф мекунанд, ки мутаассифона Душанбе ин симоро надорад ва дар сурати идомаи чунин вазъ, пойтахт метавонад ба як деҳаи бузург табдил ёбад. Парвиз Қаҳҳоров, сокини дигар пойтахт дар ин робита мегӯяд, «барои мисол солҳои пеш дар берун партофтани як қоғаз проблема буд, чунки ҳама нигоҳ мекарданд, аҳамият медоданд ва бо чашми нафратовар менигаристанд. Ҳоло бошад, сатили партовро бароварда ба берун парто, ҳеҷ кас кордор нест».

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ин роҳи ҳалли мушкили нуфус дар пойтахт хоҳад буд? Ҷовидшо Ҷӯраев, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ин гуна иқдомот роҳи ҳалли мушкилӣ шуда наметавонад. Зеро ба гуфтаи Ҷӯраев, нобаробарӣ дар хизматрасонӣ ва омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ сабаб шудааст, ки мардуми деҳот ба шаҳр рӯ оранд, «барои мушкилоти шаҳрро ҳал кардан, бояд мушкилоти деҳоти Тоҷикистонро пеш аз ҳама ҳал кард. Яъне ин нобаробарӣ дар мавриди дастрасии хизматрасониҳо, имкониятҳои иқтисодӣ метавонад шаҳрвандонро аз минтақаҳое, ки ин имконот мавҷуд нест, ҷалб кунад. Чунки аксарияти ин нафарон барои дарёфти қутти лоямут ё ин ки барои дастрасӣ пайдо кардан ба хизматрасониҳои тиббиву мактаб ва ғайра меоянд.»

Ҳамакнун, ки мақомот мехоҳанд то соли 2030 шароитро барои иқомати 1 миллион нафар аз ҳисоби васеъ кардани ҳудуди шаҳри Душанбе фароҳам кунанд, соҳибназарон мегӯянд, ки эҳтимол дорад, дар он сурат ҷамъияти шаҳр низ ба маротиб афзояд. Ба ин далел онҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки дар он сурат , чӣ гуна мешавад, то ҷилави мушкилоти пойтахт, ба хусус афзоиши ҷамъиятро гирифт ва Душанберо ба як шаҳри мутамаддин табдил дод?
XS
SM
MD
LG