Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лондон чархболе ба замин сарнагун шуд ва оташ гирифт


Дар маркази Лондон як чархбол ба фоҷеа дучор шуд. 2 нафар дар ин ҳодиса ба ҳалокат расиданд ва яке аз онҳо халабони чарбол аст. 13 нафари дигар осеб дидаанд. Вазъи 6 нафари онҳо сангин арзёбӣ мешавад.

Чун абрҳо ба замин наздик будаанд, чархбол ба крани сохтмонӣ бархӯрда сарнагун шудааст ва оташ гирифтааст. Ин кран дар назди сохтмони биное гузошта шудааст, ки баландтарин бино дар Аврупо ба шумор хоҳад рафт.

Бино ба хабарҳо, дар чархбол танҳо як халабон нишаста будааст. Полиси Лондон гуфтааст, ки ин ҳодиса амали террористӣ дониста намешавад, балки дар шароити бади ҳаво рух додааст.
XS
SM
MD
LG