Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинежод: Эрон бояд ба даромадҳои нафтӣ такя накунад


Аҳмадинежод ҳангоми суханронӣ дар Маҷлис
Аҳмадинежод ҳангоми суханронӣ дар Маҷлис
Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, кишвараш бояд пойбандии худ ба даромадҳои нафтиро коҳиш диҳад, то таҳримҳои иқтисодиро паси сар кунад. Вай зимни суханони худ ба Маҷлис ё порламони кишвараш рӯзи чаҳоршанбе такя задани Эрон ба даромадҳои нафтиро заъфияти кишвар арзёбӣ кард.

Вай эътироф кард, ки дар саноати Эрон бояд тағироти сохторӣ ба вуҷуд ояд ва содирот бояд таъсири таҳримҳоро камтар кунад.

Дар Эрон содироти газ ва нафти хом аз 60 то 70 дарсади даромадро ташкил медиҳад. Аммо таҳримҳои Ғарб дар муқобили барномаҳои зиддинақизи ҳастаии ин кишвар содироти нафтро ба мушкил рӯ ба рӯ сохт ва Эронро аз низоми банкии байналмиллалӣ хориҷ кард.

Ҳоло ин таҳримҳо Эронро дучори бӯҳрони иқтисодӣ кардааст ва арзиши пули миллии ин кишвар ба шиддат поин рафтааст.
XS
SM
MD
LG