Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози даври нави музокирот бо Эрон


Муфаттишони Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дар Теҳрон ба даври нави музокирот бо Эрон шурӯъ карданд. Сафари рӯзи чоршанбе бахше аз таҳқиқи пажӯҳишҳои ҳастаии Эрон аст, ки ба бовари Ғарб, сохтани силоҳҳои ҳастаиро дунбол мекунад. Муфаттишон ҳамчунин умедворанд, ки ба Порчин, таъсисоти низомие дар наздикии Теҳрон дастрасӣ пайдо кунанд. Ожонси ҳастаӣ гумон мебарад, ки Порчин барои озмоиши бахшҳои силоҳи ҳастаӣ истифода мешавад. Ин сафар дар ҳолест, ки бино ба ахбори матбуоти Эрон, Теҳрон бо 6 қудрати ҷаҳонӣ ҷиҳати баргузории даври нави музокирот ғолибан дар рӯзҳои 28-29 январ тавофуқ кардааст. ИСНО хабар дод, ки дар бораи макони музокирот ҳанӯз тавофуқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG