Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров шоми имрӯз бо як сафари дурӯза ба Душанбе меояд. Маскав баррасии дидгоҳи тарафайн ба чигуна иҷро кардани тавофуқоти бадастомада дар музокироти моҳи октябри руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путинро як ҳадафи асосии ин боздиди Лавров ном мебарад. Қарор аст, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот кунад. Русия дар моҳи октябр дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш ироаи имтиёзҳо ба муҳоҷирони тоҷик ва ҳам лағви боҷи гумрукии эъмолшуда ба содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро ваъда карда буд, ки ҳанӯз амалӣ нашудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG