Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Уздунробита» дархости варшикастагӣ додааст


Ширкати бузурги мухобиротии Русия – МТС – гуфт, бахши узбакистониаш худро варшикаста эълон мекунад. Мақомоти МТС мегӯянд, далели чунин дархост нотавонии бахши узбакистониаш - «Уздунробита»- барои пардохти 600 миллион $ ҷаримаест, ки додгоҳ бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти андоз эъмол кардааст. Тошканд муҷаввизи «Уздунробита»-ро лағв кардааст. Ширкат ҳар навъ кӯтоҳӣ дар корашро радд мекунад, вале додгоҳи Тошканд дар моҳи август 4 мақоми онро ба 3 соли шартӣ маҳкум кард. Додгоҳ, ҳамин тавр, моҳи сентябр ҳукми мусодираи амволи МТС дар Узбакистонро баровард, вале дар моҳи ноябр, баъди онки дар Маскав манзили 10-миллиондолларии Гулнора Каримова – духтари президенти Узбакистон Ислом Каримовро мусодира карданд, ин ҳукм лағв шуд.
XS
SM
MD
LG