Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Дед Ҳасан» дар Маскав кушта шуд


«Дед Ҳасан»
«Дед Ҳасан»
Аслон Усоён, мулаққаб ба «Дед Ҳасан»-ро, ки аз раҳбарони мӯътабари олами ҷиноии Маскав шинохта мешуд, куштаанд. Пулиси пойтахти Русия гуфт, «Дед Ҳасан»-ро рӯзи чоршанбе ҳангоми берун шуданаш аз як тарабхона зоҳиран снайпер аз болои бом паррондааст. Матбуоти Русия мегӯяд, ки Усоёни 75-сола дар тиҷоратҳое, чун қимору сохтмон ва қочоқи маводи мухаддир даст дошт. Ӯ аз курдҳои язидист ва зодаи Гурҷистон буд. Усоён то кунун аз чанд сӯъиқасд ҷон ба саломат бурда буд. Вячеслав Иванков, мулаққаб ба «Япончик», ки аз ёрони наздики Усоён маҳсуб мешуд, дар соли 2009 кушта шуд.
XS
SM
MD
LG