Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи 6 маргталаб ба идораи амнияти Афғонистон


Маргталабон имрӯз ба дафтари Идораи амнияти миллии Афғонистон дар Кобул ҳамла карданд. Вазорати дохила мегӯяд, дар ин ҳамла 6 маргталаб ширкат кардаанд. Раҳбари пулиси Кобул Айюб Солангӣ гуфт, яке аз маргталабон худро тарконд, вале бақия аз сӯи нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Вазорати беҳдошт мегӯяд, ҳудуди 30 мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид иддао кардааст, ки ин ҳамларо ҷангиёни толиб анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG