Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 тоҷик бо 57 кило ҳероин дар Русия


Хадамоти федеролии амнияти Русия хабар дод, ки 3 шаҳрванди Тоҷикистонро бо 57 кило ҳероин дастгир кардааст. Алайҳи онҳо ду парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аммо ҷузъиёти дигар ва макони боздошти ин афрод гуфта намешавад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, як масири қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозори сиёҳи Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ номбар мешавад. Соли гузашта дар Тоҷикистон қариб 6 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла 515 кило ҳероин мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG